Моро ҳаваси суҳбати ҷонпарвари ёр аст
Моро ҳаваси суҳбати ҷонпарвари ёр аст
В-арна ғараз аз бода на мастӣ, на хумор аст.
Оташнафасон қимати майхона шиносанд,
Афсурдадилонро ба харобот чӣ кор аст?
Найро, ки наво аз лаби ёр аст ба ҳар ҳол,
Пайваста чаро ҳамнафаси нолаи зор аст?
Бояд талабад, то бирасад мард ба матлуб,
Шодиву ғаму роҳату ранҷу гулу хор аст.
То қатъи алоиқ накунӣ, васл наёбӣ,
Сангу гуҳару неку баду муҳраву мор аст.
Шоҳӣ ба чӣ кор ояду давлат чӣ таҷаммул,
Лашкар чӣ маҳал дораду зар дар чӣ шумор аст?
Дар савмаа касро нарасад даъвии тавҳид,
Манзилгаҳи мардони муваҳҳид сари дор аст.
Дастор чӣ кор ояду саҷҷода чӣ бошад,
Бар маркаби беқуввати рӯҳ ин ҳама бор аст.
Носир агар аз дард бинолад, аҷабе нест,
Маҳҷур зи ёр асту парешон зи диёр аст.