Даҳонат заррае гар тангбор аст,
Даҳонат заррае гар тангбор аст,
Лабат дар дилнавозӣ хурдакор аст.
Дил аз дасти фароғат мебарад бор,
Дили ман, боракаллаҳ, бурдбор аст.
Чу чашмам дар ҳиҷоби ҳафт парда-ст,
Ба чашмат ин ки дорам, пардадор аст.
Дилу чашми маро чун дар миён аст,
Маро з-ин раҳгузар хун дар канор аст.
Ба уммеди ту рӯзӣ мешуморам,
Маро ҳар рӯз худ рӯзи шумор аст.
Саҳар қаллошаму дар шом риндам,
Ҳама шаб мастаму рӯзам хумор аст.
Ба дасти кас агар ҳаст ихтиёре,
Мусулмонон, маро ин ихтиёр аст.
Чу гавҳар меравад дар дасти шоҳон,
Ки дурри назми Носир шоҳвор аст.
Бимонад то абад дар гӯши айём
Гуҳарҳое, ки аз ман ёдгор аст.