Асаре дар қадаҳи бода зи лаъл ёр аст,
Асаре дар қадаҳи бода зи лаъл ёр аст,
Қиблаи хастадилон хоки дари хаммор аст.
Сухани ақл дар ин кӯй надорад вазне,
Ишқ аз он дил, ки дар ӯ ақл бувад, безор аст.
Хабар аз сӯзи дилам нест касеро чун шамъ,
З-он ки чун ман ҳама шаб то ба саҳар бедор аст.
Соқиё, як нафасам бодапарастӣ фармой,
Ки маро дар дил аз ин нафспарастӣ ор аст.
Ҳоли бемории ман арза макун пеши табиб,
Ки табиб аз ғами дарди дили ман бемор аст.
Дуди савдои ту бигзашт ба бозори дилам,
Сӯхт сармояи рахте, ки дар ин бозор аст.
Дар раҳи ишқ куҷо хом тавон рафт, эй дил,
Пухта хоҳӣ ки шавӣ, сӯхтанат ночор аст.
Як қадам гар зи раҳи нестӣ орӣ берун,
Рост пиндор, ки дигар қадамат бар дор аст.
Пеши ағёр макун шарҳи ғами дил, Носир,
Ки на ҳар бехабаре маҳрами ин асрор аст.