Бар ҷаноби ишқ дил беқадру ҷон беқиммат аст,
Бар ҷаноби ишқ дил беқадру ҷон беқиммат аст,
То напиндорӣ азизонро бар ин дар иззат аст.
Ҳар кӣ хоки пойи ту шуд, гашт соҳибэҳтиром,
Дил ки дорад майли болои ту, олиҳиммат аст.
Кардаам бе миннате ҳамчун сабо ҷонро нисор,
Гар қабул афтад туро, бар ҷони ман сад миннат аст.
Ҷон диҳам ҳар субҳдам, то хуштар ояд баҳри ту,
Барнамеояд ба ҷаҳд, ин кор кори давлат аст.
Ҷисм аз он ҳазрат ҷудо афтодаву дил дар ҳузур,
Тан агар аз хидматат дур аст, ҷон дар хидмат аст.
Нозанинонро диҳад зинат ниёзи бедилон,
Манъи муштоқон макун ҷонро, к-аз инат зинат аст.
Суратат мебинаму ҳайрони маънӣ мешавам,
То чӣ маънии латифӣ ту, ки инат сурат аст?!
Соқиё, мозӣ гузашту нест мустақбал падид,
Чун қадаҳ холӣ магард аз май, ки ҳоло фурсат аст.
Дигар аз Носир ҳадиси ҷаннату дӯзах мапурс,
Дӯзахи мо ҳаҷри ёр асту висолаш ҷаннат аст.