Бар хони ҳусни ту намаке аз малоҳат аст,
Бар хони ҳусни ту намаке аз малоҳат аст,
Моро аз ӯ насиб намак бар ҷароҳат аст.
Соқӣ, биёр роҳ, ки роҳат диҳад ба рӯҳ,
К-ин роҳ рӯҳи ман ҳама аз ранҷи роҳат аст.
Аз ташнагӣ ҳалол намедонам аз ҳаром,
Май деҳ, ки май ба ҳукми зарурат ибоҳат аст.
Зоҳид, ки манъи суҳбати ҷонон ҳамекунад,
Аз вай хилофи ҳусни далели қабоҳат аст.
Гардам зи меҳр гирди замин ҳамчу осмон,
Дар садри бадр моҳ зи юмни саёҳат аст.
Носир, зи ту баёни маъонӣ бадеъ нест,
Шеъри фасеҳи ту зи камоли фасоҳат аст.