Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳеҷ донӣ ки чаро ҳамнафаси ман бод аст?

Ҳеҷ донӣ ки чаро ҳамнафаси ман бод аст? З-он ки рози дили ман пеши касе накшодаст. З-оби чашме, ки ба хуни ҷигараш парвардам, Моҷарои дили шӯрида бурун афтодаст. Пеши лаълат зи ҳаё об шавад чашмаи Хизр, В-аз насимат нафаси боди сабо бар бод аст. Кард озодии болои ту савсан, з-он рӯй Бед ларзон шудаву сарв ба по истодаст. Некбахт он ки чунон рӯйи муборак бинад, Эй хуш он банда, ки дар давлату шодӣ зодаст. Ҳар ҷафое, ки кунад дод, бигӯям, ки надод В-ар зи лаълат надиҳӣ дод, дилам бедод аст. Ҳама аз хомаи наққоши азал ҳайронанд, З-он ки дар нақши рухат доди накуӣ додаст. Дар ҷаҳон дил ба ғами ҳиндуи зулфат бастам, Хуррам он, к-аз ғаму шодии ҷаҳон озод аст. Як дам аз ҳар ду ҷаҳон қатъи назар кун, Носир, Мард он аст, ки дил бар ду ҷаҳон нанҳодаст.
Ҳеҷ донӣ ки чаро ҳамнафаси ман бод аст? | Шоирон