Зулфи сиёҳат пеши рух, ҳинду ба маҳтоб андар аст,
Зулфи сиёҳат пеши рух, ҳинду ба маҳтоб андар аст,
Дар оби дида рӯйи ман чун зар ба симоб андар аст.
Дар даври чашми кофарат гӯйӣ мусулмонӣ намонд,
К-он масти ҷоду бехабар хуфта ба меҳроб андар аст.
Ҳар гаҳ шавад рӯйи дилат як зарра аз мо тофта,
Ҳар дил, ки ёбад сӯзадаш, оҳан, ки дар об андар аст.
Чашми ту моро бегунаҳ гаҳ мекушад, гаҳ мекашад,
Ӯ менадонад қадри мо, оре, сараш хоб андар аст.
Бошад, ки аз хоки дарат боди иноят даррасад,
К-ин мардуми чашми маро киштӣ ба ғарқоб андар аст.
Дилро, ки хун шуд, раҳ диҳам бар дида баҳри равшанӣ,
К-имшаб зи акси рӯи ту маҳ чашмаи об андар аст.
Ҳаҷри ту Носирро хунук дар бистар андозад, вале
Бар ёди хатти сабзи ту бар фарши санҷоб андар аст.