Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ба тамомӣ рухи ту моҳи тамоми дигар аст,

Ба тамомӣ рухи ту моҳи тамоми дигар аст, Сарви озод ба пеши ту ғуломи дигар аст. Ҳама аз ишқи ту мастанду ман аз ишқи ту паст, Масти ин майкадаро бода зи ҷоми дигар аст. Фақр бо ҳиммати муштоқи ту истиғно аст, Нанг дар мазҳаби ушшоқи ту номи дигар аст. Гарчи дил ҷониби ёр асту назар сӯйи рақиб, Ҳар дам аз дил ба суйи дида паёми дигар аст. Ақл бо ишқ мухолиф шуду девона бимонд, Ки мухолиф дигару рост мақоми дигар аст. То сабо сӯйи ман аз дӯст паёмовари ӯст, Гӯши ман мунтазир аз баҳри паёми дигар аст. Дар ҷаҳон ҳаст чу Носир мутакаллим бисёр, Лекин ин тарзи ғарибеву каломи дигар аст.