Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Тоқи абрӯйи ту пайвастаи даври қамар аст,

Тоқи абрӯйи ту пайвастаи даври қамар аст, Шаби гесӯи ту наздики тулӯи саҳар аст. Моҳи рухсори ту ҳар шаб, ки бигардад толеъ, Чашми бедори ман аз аз ашк ситорашумар аст. Он ки бигрифт туро чуст дар оғӯш, қабост В-он ки дасте ба миёни ту дарорад, камар аст. Сабаби дарди дили мост рақиби ту, валек Натавон кард шикоят, ки сабаб муътабар аст. Хабари васли ту аз боди сабо мепурсам, Гарчи бемори хароб асту чу ман бехабар аст. Пой аз доираи хатти бутон берун неҳ, Эй дил, эй дил, ки саводи ғаму хатти хатар аст. Аз ҳаво дар раҳи ишқи ту бувад гарду ғубор, Гард бар домани ушшоқ аз ин раҳгузар аст. Ба карашма назаре кард ба ман чашми хушат, Ҳар чӣ ман ёфтам аз давлати он, як назар аст. Носир, аз шукри лабат кард даҳонро ширин, Варақи дафтари ӯ коғази қанду шакар аст.