Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Зи дил кабобу зи дида шароб дар назар аст,

Зи дил кабобу зи дида шароб дар назар аст, Биё, ки ҷумла шаробу кабоб дар назар аст. Агар чу сарв туро майли гӯшаи об аст, Гузар ба гӯшаи чашмам, ки об дар назар аст. Ба ханда то бинамудӣ зи дурҷ лаълу гуҳар, Маро зи ҳасрат он дурри ноб дар назар аст. Гулоб бар гули сурист ё арақ бар рӯй, Маро зи дидани он гул гулоб дар назар аст. Чароғро бибар имшаб, ба гӯшае биншон, Ки аз фурӯғи туам офтоб дар назар аст. Хаёли чашми ту наргис ба хоб масте дид, Бибин хаёл ҳанӯзаш, ки хоб дар назар аст. Ба ёди бодаи лаълат мудом Носирро Зи ҷоми дида ақиқи музоб дар назар аст.