Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Узри равшан ишқро рӯят бас аст,

Узри равшан ишқро рӯят бас аст, Банди роҳи ошиқон мӯят бас аст. Туҳмати тиру камон бар худ мабанд, Оламеро чашму абрӯят бас аст. Аз ғамат паҳлӯ ниҳодам бар замин, Ин қадар моро зи паҳлӯят бас аст. Юсуфи аҳдию ман Яъқуби вақт, Равшании чашми ман бӯят бас аст. Кист Носир, то дам аз ёрӣ занад?! Гар бувад камтар дуогӯят, бас аст.