Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Май кумайти бодпойи тунду тезу саркаш аст,

Май кумайти бодпойи тунду тезу саркаш аст, Моҳи наъли тезрав монанди обу оташ аст. Хоки разро гар на аз хуни Сиёвуш аст об, Бода мардафкан чаро гардид, гӯйӣ саркаш аст. Рӯзу шаб бе ҷоми май дорам хумору дарди сар, Эй хушо ринде, ки ӯ бо шоҳиду май сарх(в)аш аст. Ман дамодам мехӯрам хуни дил аз дасти қадаҳ, З-он ки ӯ лаб бар лаби нӯшинбутони маҳваш аст. Мешавам фарроши кӯйи майфурӯшон аз мижа, Остони дайр болин, натъи хокам мафраш аст. Ҳамчу тиркаш шуд зи тири чашми соқӣ синаам, Ман чу қирбон гаштаам акнун, чи ҷойи таркаш аст. Ҳамчу Носир ҷони ширинро ба талхӣ медиҳад, Ҳар ки монанди қадаҳ софидилу дурдикаш аст.