Аз оташи май дар хуми хаммор чӣ ҷӯш аст,
Аз оташи май дар хуми хаммор чӣ ҷӯш аст,
Дар майкада аз ҷӯшиши мастон чӣ хурӯш аст?
Он кас, ки ба як ҷав нахарад мулки ду олам,
Ринде зи гадоёни дари бодафурӯш аст.
Талхе, ки чашонӣ ба ман, эй соқии ширин,
Он гар ҳама неш аст, ки моро ҳама нӯш аст.
Шуд бандаи дандони ту дур аз буни дандон,
Гавҳар зи буни гӯш туро ҳалқабагӯш аст.
Дишаб сари саргашта ба болини ту хуш буд,
Имшаб сари ман хуш ба хаёли шаби дӯш аст.
Мехостам аз лаъли ту бӯсе бирабоям,
Чашми хуши ту гуфт, ки бемор баҳуш аст.
Печидаам аз ғусса шаби дӯш камарвор,
З-ин ғам, ки чаро бо ту қабо дӯш ба дӯш аст.
Пайке, ки гузорад сухани дӯст, фаришта-ст,
Қосид, ки расонад хабари ёр, сурӯш аст.
Маълуми ту, Носир, нашавад ҷуз ба хамӯшӣ,
Сирре, ки дар он ҳалқаи ёқут хамӯш аст.