Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Маро остонат паноҳе хуш аст,

Маро остонат паноҳе хуш аст, Ки хоки дарат такягоҳе хуш аст. Аз он хозини равза шуд чун Билол, Ки ҳиндуи холат сиёҳе хуш аст. Агар ишқбозӣ ба фатвои шаръ Гуноҳ аст, аммо гуноҳе хуш аст. Чу моҳи муҳаррам қадаҳ дар рабеъ Агарчи ҳаром аст, моҳе хуш аст. Замони хушӣ чун беҳ аз нохушист, Хирадмандро интибоҳе хуш аст. Ба қавли мухолиф зи роҳам мабар, Ки ушшоқро расму роҳе хуш аст. Дили Носир аз васли ту хуррам аст, Вилоят ба иқболи шоҳӣ хуш аст.