Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Соқӣ, бидеҳ он бода, ки хуршеди сабуҳ аст,

Соқӣ, бидеҳ он бода, ки хуршеди сабуҳ аст, Роҳат сабаби рӯҳи дилу роҳати рӯҳ аст. Тӯфони бало гирди ҷаҳон мавҷ баровард, Май хӯр, чӣ хӯрӣ ғам, ки қадаҳ киштии Нӯҳ аст. Аҳдест, ки кардам, ба Худо, тавба зи тавба, Носеҳ, чӣ занӣ таъна, ки ин тавба насуҳ аст. Бар дидаи мо боби саодат бикушояд Хоки дар майхона, ки мифтоҳи футӯҳ аст. Носир ба қисоси дили худ хуни лабат хӯрд, Дилро зи лаби ту, ки бихӯрдаст, чи рӯҳ аст.