Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй ки хаёли рӯи ту нақши сарочаи дил аст,

Эй ки хаёли рӯи ту нақши сарочаи дил аст, Раҳ набарӣ ба ҳеҷ рӯ, ҷойи ту хонаи гил аст. Ҳосилам аз ҷаҳону ҷон дарди сарест, чун маро Аз дили номуроди худ ҷумла мурод ҳосил аст. Ҳаст даре ба кӯйи ту хонаи майфурӯшро, Дарнаравад ба кӯйи ту, ҳар кӣ зи хона ғофил аст. Дида ба ҳар чӣ мениҳам, нақши ту дида мешавад, Рӯй ба ҳар чӣ мекунам, рӯйи туам муқобил аст. Коми ману даҳони ту, ин чӣ гумони фосид аст, Дасти ману миёни ту, ин чӣ хаёли ботил аст?! Ҳар кӣ чу ҷоми май бувад покзамиру софдил, Дур набошад, ар лабаш бо лаби дӯст восил аст. Шамъи абирбӯйи ман то ба кадом маҷлис аст, Моҳи ситорачашми ман то ба кадом манзил аст? Май хӯру ҳеҷ ғам махӯр в-ар зи ман ин ҳадисро Гӯши ту хуш намекунад, нағмаи чанг қойил аст. Носир, агарчи сар ба сар шеъри ту панди қобил аст, Дӯст қабул мекунад, з-он ки азим қобил аст.