Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Фақеҳи кавдани мискин на марди суҳбати мост,

Фақеҳи кавдани мискин на марди суҳбати мост, Биёр бода, ки ин як-дурӯза навбати мост. Муқими кӯйи муғонему ринду ошиқу маст, Кунун, ки рӯзи висол аст, субҳи давлати мост. Касе, ки ақл надорад, куҷо кунад маълум Дақиқаҳои ниҳонӣ, ки дар шариати мост. Ман аз мутолиаи суратат шудам ғофил, Хати ту бар варақи гул китоби ҳикмати мост. Биё, ки гар ту худойӣ, парастишат накунам, Зиҳӣ худойпарастӣ, ки дар шариати мост. Чаро намоз кунам баҳри бӯстони биҳишт, Даме тафарруҷи дидори дӯст ҷаннати мост. Нидои ғайб шунидаст борҳо Носир, Ки зуҳду фисқи ҳама халқ дар машияти мост.