Меҳр чун соя раҳнишини шумост,
Меҳр чун соя раҳнишини шумост,
Муҳри иқбол дар нигини шумост.
Қоба қавсайн шакли абруйи туст,
Соқи арш андар остини шумост.
Ҳар чӣ дард аст, дар ниҳоди дил аст,
Ҳар чӣ ҳусн аст, дар ҷабини шумост.
Ду ҷаҳон пушт дар ҳимояти туст,
Оламе рӯй бар замини шумост.
Куфру исломи ман чӣ хоҳад буд?
Иқтидои ҳама ба дини шумост.
Ҷон ямин мехӯрад ба давлати васл,
К-он чи юмн аст, дар ямини шумост.
Ростбоз аст гуфтаи Носир,
Ин ҳам аз чашми ростбини шумост.