Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Умрест, то хаёли ту дар аҳди ҷони мост,

Умрест, то хаёли ту дар аҳди ҷони мост, Ёди ту мӯниси дилу вирди забони мост. Дар меҳнати фироқи ту хун шуд дилу ҳанӯз Меҳри ту дар миёни дили хунфишони мост. Бигзар ба турбатам, ки пас аз мо ҳазор сол Бар хоки раҳ нишаста сиришки равони мост. Гуфтам: Бигӯям аз ғами дил бо ту, ақл гуфт: Он ҷо ки ишқи ӯст, чӣ ҷойи баёни мост? Ҳаққо, ки дар миён наниҳам бо забони хеш, Розе, ки дар миёни туву дар миёни мост. Дидам яқин, ба сирри даҳонат намерасад Чандон, ки мунтаҳои камолу гумони мост. Носир вафои аҳд намояд ба ҳеҷ боб, Ҳарчанд агар ҷафои ту дар хуну ҷони мост.