То танам, эй ҷони ширин, аз висоли ту ҷудост,
То танам, эй ҷони ширин, аз висоли ту ҷудост,
Ҳар бало, к-аз чарх нозил мешавад, бар ҷони мост.
Ҳаҷр, к-ӯ меоварад, ғам ҳамнишини ман шудаст,
Ё Раб, он васле ки он ғам мебарад аз дил, куҷост?
То мубаддал гашт рӯзи васли мо бо шоми ҳаҷр,
Дур аз хуршеди рӯят умри ман чун соя кост.
Доим андар чашми пурхунам хаёли рӯи ӯст,
Ӯ гул аст, олуда дар хун, гар ҳамегардад равост.
Мерасам дар хидматат, гар умри кӯтоҳам расад,
Ман вафодорам, вале даврони гардун бевафост.
Розиям, гар васл мехоҳӣ вагар ҳиҷрон зи ман,
Мо ризо дорем ҳукмеро, ки содир аз шумост.
Носир, он дилбар ки ғоиб шуд, даруни ҷонат аст,
Ёрро аз худ талаб, ҷон манзили он бевафост.