Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

То доғи меҳри ёр чу маҳ бар ҷабини мост,

То доғи меҳри ёр чу маҳ бар ҷабини мост, Хуршед шуълае зи дами оташини мост. Мо ҳамчу зарраем хаводору ҳар саҳар, Шамшери меҳр ғарқа ба хун баҳри кини мост. Зулфи ту дини равшани мо тира мекунад, Мӯи ту куфри мутлақу рӯи ту дини мост. Доманкашон чу субҳи мунаввар тулӯъ кун, Бингар тарози меҳр, ки бар остини мост. Чашмат гирифта гӯша чу туркони роҳзан, З-абрӯ камон кашида магар дар камини мост? Ҳар шаб чу соя то сари мо бар замини туст, Ҳар субҳ рӯи меҳри фалак бар замини мост. Носир чу гард аз сари кӯи ту барнахост, То зарраҳои хоки дарат ҳамнишини мост.