Ҷомаи мақсуди дил ҳаст ба қадди ту рост,
Ҷомаи мақсуди дил ҳаст ба қадди ту рост,
Чеҳраи зебои ту сурати маънии мост.
Нақши муроди дилам гум шуда буд аз азал,
Менигарам дар рухат, бо назарам ошност.
Ишқи ману ҳусни ту моили якдигаранд,
Майли ҳаво бо дарахт, майли дарахт аз ҳавост.
Ҷон манӣ, кас накард дурии ҷон ихтиёр,
Ҳаҷри ту бар мо қадар, васли ту бар мо қазост.
Зулфи ту аз боди субҳ чун шавад ошуфтатар,
Бар рухи мо по ниҳад дар сари ӯ тоҷҳост.
Гарчи ба хоби хумор чашми ту хуш хуфта аст,
Ғофили макраш наям, хуфта чу айни болост.
Ғайри рухат дар ҷаҳон дидаи Носир надид,
Хосияти ин назар бахшиши он хокрост.