Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Хидмати пири муғон мазҳаби деринаи мост,

Хидмати пири муғон мазҳаби деринаи мост, Саҷда дар пеши бутон пешаи пешинаи мост. Гар бихоҳем, ки бинем рухи худро сурх, Майи равшан ба каф орем, ки оинаи мост. Дили мо гарчи хароб аст зи дарду ғами ту, Ғами ишқи ту дар ӯ ҳаст, ки ганҷинаи мост. Сина чун субҳ шикофем ба теғи хуршед, То бибинӣ асари меҳр, ки дар синаи мост. Дӯш агар бар ту нашуд сӯзи дили мо равшан, Шамъ ҷон дода ба субҳ аз ғами деринаи мост. Ҷон кунам пешкаши ғамзаи шӯхи ту, ки ӯ Дили бекина зи мо бурдаву дар кинаи мост. Хишти хум бар сари Носир кулаҳи давлат шуд, Ин замон бар сари хум хирқаи пашминаи мост.