Маро аз теғи ҳиҷрон дил дуним аст,
Маро аз теғи ҳиҷрон дил дуним аст,
Ки аз васлаш умед, аз ҳаҷр бим аст.
Ҳадиси замҳарир аз оҳи ман пурс,
Ки андар синаам нори ҷаҳим аст.
Нахустин ишқи ман рӯзи азал буд,
Ниёзи мову нози ӯ қадим аст.
Ба нодонӣ агар кардам гуноҳе,
Ҳамедонам, ки табъи ӯ карим аст.
Махон, эй бода, наргис чашми ӯро,
Ки беморию фикри ту сақим аст.
Ба рӯяш ҳалқа карда мори гесӯ,
Яди байзову суъбону Калим аст.
Ҳама сармояи савдои Носир
Рухи чун зарру ашки ҳамчу сим аст.