Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дил пур аз дарду дида пурхун аст,

Дил пур аз дарду дида пурхун аст, Ҳолам ин аст, ҳоли ту чун аст? Умри Маҷнун агар равад, гӯ: бош, Ҷони Лайлӣ, ки умри Маҷнун аст. Эй ки сарчашмаи ҳаёти манӣ, Чашми ман бе ту чашмаи хун аст. Кӣ расонад ба самъи маймунат Сухани ман, ки дурри макнун аст? Васфи шавқат ба нома чун гӯям, Шавқи ман чун зи васф берун аст. Варақи гул шудаст номаи ман, З-он ки аз оби дида гулгун аст. Ҷони Носир зи дарди ишқ бисӯхт, Номаро ин ҳадис мазмун аст.