Парешонам чу зулфат, ҳолам ин аст,
Парешонам чу зулфат, ҳолам ин аст,
Бигуфтам мӯ ба мӯ - аҳволам ин аст.
Кашам дарёи хун аз дида ҳар дам,
Дамодам ҷоми моломолам ин аст.
Ҳумоюн булбули бустони ишқам,
Диле дорам шикаста, ҳолам ин аст.
Зари рухсора дар поят фишонам,
Ба ҳар ваҷҳе, ки бошам, молам ин аст.
Гадоӣ мекунам бар остонаш,
Нишони давлату иқболам ин аст.
Бибинам кӯрии чашми рақибон
Ба рӯзи саъди рӯят, фолам ин аст.
Агар олам бибахшад коми Носир.
Чӣ бояд кард, кори олам ин аст.