Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Шамоили ту, ба ҳар ҳол, дар хаёли ман аст,

Шамоили ту, ба ҳар ҳол, дар хаёли ман аст, Зиҳӣ хаёл, ки дар эҳтимоми ҳоли ман аст. Намонд дар назарам нақши ҳеҷ меҳробе, Ҷуз абруи ту, ки пайваста дар хаёли ман аст. Танам заифу лабат қанду чашми ман соил, Бидеҳ ҷавоб, ки сад ваҷҳ дар саволи ман аст. Қадам, ки чун алифе буд, хам гирифт чу нун, Далели рост ҳамин қомати чу доли ман аст. Ҳадиси васл чӣ гӯям, ки ман наям, ҳама ӯст, Дар он замон, ки ба маъшуқ иттисоли ман аст. Рақиб, таънаи Носир ба айби ишқ мазан, Ки ҳар чӣ пеши ту нуқсон бувад, камоли ман аст.