Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ин хами болои дутоҳи ман аст,

Ин хами болои дутоҳи ман аст, Ё хзаёли абрӯи моҳи ман аст. Ашки ман бар хоки раҳ диду бигуфт, К-ин чӣ хунҳо дар гузаргоҳи ман аст?! Дил ҳаме хоҳад зи лаълат бӯсае Лутф фармо, он чи дилхоҳи ман аст. Аз вафо сар мекашад сарви баланд, Ин ҳама аз дасти кӯтоҳи ман аст. Мутрибо, як дам раҳи «Ушшоқ» зан, То ба роҳ оям, ки он роҳи ман аст. Оқибат то дар чӣ ҳолам афканад, Бахти гумроҳам, ки ҳамроҳи ман аст. Ё Раб, он ду риштаи печон чу моҳ Дар қафои ӯ магар оҳи ман аст? Дигарон андар паноҳи ҳар касанд, Ман ғуломи он, ки ӯ шоҳи ман аст. Хирмани ҳастии Носир ҷав ба ҷав, З-ашки сурху рӯйи чун коҳи ман аст.