Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Шаробхона биҳишт асту ёр ҳури ман аст,

Шаробхона биҳишт асту ёр ҳури ман аст, Биҳишту ҳур дигар ҷустан аз қусури ман аст. Биёр май, ки ман аз хештан парешонам, Маро зи хеш чу ғайбат фитад, ҳузури ман аст. Ман аз таҷаммули дунё намешавам мағрур, Ки ҳар матоъ ки ӯ медиҳад, ғурури ман аст. Вуҷуди ғайр набошад раво даруни дилам, Маҷоли ғайри ту кай дар дил ғаюри ман аст? Шавад чу коҳ агар, бори худ ниҳам бар кӯҳ, Ғубори ҳиҷр, ки дар хотири сабури ман аст. Зи домани тари худ каф ҳамезанам бар рӯй, Чу ҳиҷри талхии комам зи бахти шӯри ман аст. Зи ҳаҷр дидаи Носир рамад гирифт, чӣ бок, Ғубори хоки сари кӯи ӯ зарури ман аст.