Агарчи ғамзаи хунрези ту балои ман аст,
Агарчи ғамзаи хунрези ту балои ман аст,
Сиришки лаълу зари чеҳра хунбаҳои ман аст.
Маро, ки аз ту ба сад теғ барнатобам рӯй,
Чӣ ғам зи тири маломат, ки дар қафои ман аст.
Маро чу дар назарам саркаше ба ҷои ту нест,
Бар остонаи ту ҳар саге ба ҷойи ман аст.
Ҷафо зи ҳад набарӣ, то дуои бад накунам,
Ки офтоби ту дар сояи дуои ман аст.
Шабе, ки пойи бутамро ба дида молидам,
Бигуфт: Хок бар ин сар, ки зери пойи ман аст.
Барои кӯрии бадхоҳи ман зи хоки дарат
Фирист туҳфаи чашмам, ки тӯтиёи ман аст.
Чӣ илтифот намояд ба салтанат Носир,
Агар равад ба забонат, ки ӯ гадои ман аст.