Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Маро ҳосил зи умри худ ҳамин аст,

Маро ҳосил зи умри худ ҳамин аст, Ки он дилдор бо худ ҳамнишин аст. Надорам дар назар ҷуз қомати ӯ, Ҳамеша чашми ошиқ ростбин аст. Хиромон шуд магар он сарв дар боғ, Ки атрофи чаман хулди барин аст. Саводи дидаро созам бисоташ, Чаро он пойи нозук бар замин аст? Нишаста моҳи ман чун хирмани гул, Дар ӯ хуршеди тобон хӯшачин аст. Наёрам кард дарвешӣ ба ҷое, Ки чашми ҳосидон андар камин аст. Зи дини худ равад бар бод Носир, Агар донад, ки майли ӯ бад-ин аст.