Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ошиқ ба кӯйи ишқ надонам, ки чанд хост,

Ошиқ ба кӯйи ишқ надонам, ки чанд хост, Донам, ки ҳеч кас на чу ман мустаманд хост. Бар чархи ҳусн рӯйи ту моҳи тамом шуд, Дар боғи ишқ қадди ту сарви баланд хост. Бӯсам лаби туро, даҳанам пуршакар шавад, Унноб буд бори дарахти ту, қанд хост. Бандӣ камар ба нозу дар абрӯ гиреҳ занӣ, Чун найшакар ниҳоли қадат банд-банд хост. Шуд тӯтиёи дидаи мардони роҳбин Гарде, ки дар раҳи ту зи наъли саманд хост. Аз дарди ишқ нолаи Носир ғариб нест, Дар чанги гург наъра ҳам аз гӯсфанд хост.