Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Сарви болои туро оби равон аз чашми мост,

Сарви болои туро оби равон аз чашми мост, Гар нишонад рӯзгораш дар канори мо, равост. Ҷойи ту донам, ки доим дар дили реши ман аст, Лекин он мискини саргардон намедонам куҷост? Ёди лаълат мекунам, он ҳаст савте дар нуҳуфт, Васфи болои ту мегӯему он қавлест рост. Дар чаман рӯйи гул аз шарму хиҷолат сурх шуд, В-аз ҳаё дар пеши қаддат ҳеҷ сарве барнахост. Гар муқорин мешавад бо меҳри ту моҳ, аз камист, Гар ташаббуҳ мекунад бо зулфи ту мушк, аз хатост. Бори савдоят кашам, ё бори ғам, ё бори ҷон, Раҳмате кун чун ба гӯшат мерасонам борҳост. Нолаи Носир шабе бишниду гуфто: Эй табиб, Хоби хуш ҳаргиз намебинам, чӣ рӯзи ин гадост.