Бо ҳавас бегона гардад, ҳар кӣ бо ишқ ошност,
Бо ҳавас бегона гардад, ҳар кӣ бо ишқ ошност,
Ишқро раҳ дар диле бошад, ки холӣ аз ҳавост.
Ошиқо, худро раҳо кун, ҷониби маъшуқ гир,
Васли ёр он кас ҳамеёбад, ки ӯ аз худ ҷудост.
Аз дарун бут мепарастӣ, аз бурун ин саҷда чист?
Рост мебояд, ки бошад дил, чи қолаб каҷ, чи рост.
Дӯстро дар ломакон ҷустан зи роҳи нестӣ,
Нестро бо бутпарастӣ, к-ӯ ба ҳастӣ мубталост.
Хуни ошиқро баҳое нест андар дини ишқ,
Куштани маъшуқ ошиқро беҳ аз сад хунбаҳост.
Кай барояд ҷон ба зӯри панҷаву бозуи ишқ,
Оҳувонро тоқати сарпанҷаи шерон куҷост?
Ишқ хоҳад монд, гар Носир намонад, бок нест,
Нақши мавҷе гар фано шуд, оби дарёро бақост.