Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Гар дилам дар бар чу оташ беқарор афтодааст,

Гар дилам дар бар чу оташ беқарор афтодааст, Дурри дарёи саршикам обдор афтодааст. Сунбулат аз гулпарастӣ дар чаман печидааст, Наргисат аз хоби мастӣ дар хумор афтодааст. Эй саҳоб, аз дида обе зан, ки боди субҳро Дар миёни дӯстӣ бо гул ғубор афтодааст. Чашми бемори туро танҳо на мо мирем зор, Куштаи қаддат ба ҳар гӯша ҳазор афтодааст. Дил, ки лофи шермардӣ зад, забуни ишқ шуд, Оҳувони ширгиратро шикор афтодааст. Гавҳари чашмам зи баҳри Ҳинд меояд ба Рум, Сунбули зулфат зи Чин дар Зангбор афтодааст. Сабр дорам дар фироқу нестӣ дар ошиқӣ, Чора набвад, чун балоро чорз-чор афтодааст. Бо паём афтод кору кас наёрад шуд расул, Эй сабо, бархез, агар ёрӣ, ки кор афтодааст. Дар миёни баҳри ваҳдат ғарқа шуд ҷон қатрасон, Дил, ки хун мешуд, зи дида дар канор афтодааст. Кист, к-аз Носир бигӯяд бо ту, эй ёри азиз, Бар сари кӯят Бухорӣ хору зор афтодааст.