Ҳамчу зулфат кори ман бо ту дароз афтодааст,
Ҳамчу зулфат кори ман бо ту дароз афтодааст,
Сад раҳам афтода буд ин кор, боз афтодааст.
Бандаи шӯридае дар банди шоҳе мондааст,
Пашшаи саргаштае дар чанги боз афтодааст.
Зулфи мушкини ту ҳоли мо парешон кардааст,
Лаъли майгуни ту моро чорасоз афтодааст.
Наргиси масти ту дар меҳроби абрӯ аз чӣ рӯ
Ҳамчу зуҳҳоди ҳарис андар намоз афтодааст?!
Чун тавофи Каъбаи рӯят кунад дил дар самоъ,
Лоҷарам, дар ҷонам оҳанги Ҳиҷоз афтодааст.
Охир, эй най, як замон аз суҳбати риндон манол,
Бенавоёнро даме бо ту ниёз афтодааст.
Нолаи бедоду оби чашми пинҳонам чӣ суд?
Таштам аз бому ниқоб аз пеши роз афтодааст.
Гар раванд аҳли ҳақиқат дар пайи хубон, чӣ бок?
Роҳи он иқлим дар кӯйи маҷоз афтодааст.
Дар ҳавои маҷлиси хоси ту Носир ҳамчу шамъ
Рӯзҳо мурдасту шабҳо дар гудоз афтодааст.