Омад баҳору мавкиби гулҳо расидааст.
Омад баҳору мавкиби гулҳо расидааст.
Лола алам ба кӯҳу ба саҳро кашидааст.
Булбул суруд гуфта, сарандоз гашта сарв,
Ғунҷа зи шавқ ҷуббаи хазро даридааст.
Дар чашми шӯхи наргиси ӯ ҳеч шарм нест,
Кӯрест, к-он ду наргиси раъно надидааст.
Сабза синон кашида ҳаме гӯяд обро,
Нодида магзаред, ки гулҳо дамидааст.
Бар боми чарх рафт дилу зери бори ӯ
Пушти дутои гунбади хазро хамидааст.
Дил гуфт тарки Носиру омехт бо ғамаш,
Ӯ қатра буд, ҷониби дарё давидааст.