Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Он хоки равшани ту, ки чун нури дидаст,

Он хоки равшани ту, ки чун нури дидаст, Холест, к-аз сиёҳии чашмам чакидааст. Равшан шудаст дида, ки дидаст рӯйи ту, Маст аст гӯши дил, ки паёмат шунидааст. Чандин ҳазор дида кушодаст осмон, Моҳе чу рӯйи хуби ту ҳаргиз надидааст. Олам хароб гашт, чаро чашмат аз мижа Ду лашкари балои сияҳ баркашидааст? Хун меравад аз обилаи пойи ашки ман, Азбаски гарм дар талаби ӯ давидааст. Бо ман магӯ, чаро равад аз дидаи ту хун, Бо ғамза гӯ, ки дар ҷигари ман халидааст. Носир, гумон мабар, ки шавад аз ғамат малул, К-ӯро Худой аз ғами ишқ офаридааст.