Биёр бода, ки ҳангоми шайду қаллошист,
Биёр бода, ки ҳангоми шайду қаллошист,
Замони риндиву мастиву рақсу авбошист.
Бунафша дар ҳарами бӯстон ба атторист,
Насим бар варақи ёсуман ба наққошист.
Сабо ба сӯйи сабуҳикашон паём овард,
Ки абр бар сари гулзор дар гуҳарпошист.
Ба бод гуфтам: Дар базми мо биё, биншин,
Шукуфа гуфт, ки ӯ дар мақоми фаррошист.
Магӯ, ки Носир, аз он май махӯр, ки фош шавӣ,
Маро, ки шуҳраи шаҳрам, куҷо ғами фошист.