Дилбаро, гирди сарат ҷону ҷаҳон гардон аст,
Дилбаро, гирди сарат ҷону ҷаҳон гардон аст,
Каъбаи васли ту мақсуди ҷаҳонгардон аст.
Ҳар киро дарди муҳаббат нашавад домангир,
Остин бар сараш афшон, ки зи номардон аст.
Чун хату холи ту паргори муҳандис накашид
Нуқтаи фард, ки дар доираи фард он аст.
Дида дар пойи хаёли ту гуҳар кард нисор,
Чашми ман хоки кафи пойи ҷавонмардон аст.
Равшанӣ ёфт рухи зарди ман аз сӯз чу шамъ,
Равшанӣ лозимаи чеҳраи рухзардон аст.
Ҳар кӣ бо пиразани даҳр кунад майл, зан аст,
В-он ки мардона аз ӯ даргузарад, мард он аст.
Носиро, хонаи афлок нашуд ҷойи қарор,
З-он ки нуҳ маҳмили ӯ гирди ҷаҳон гардон аст.