Нуқл аст лаби ту ё шароб аст,
Нуқл аст лаби ту ё шароб аст,
Ё оташу дил аз ӯ кабоб аст?!
Як қатра зи ҷоми туст дарё,
Як зарра зи ҳуснат офтоб аст.
Шамъӣ туву дида ҷойи торик,
Ганҷӣ туву ҷони мо хароб аст.
Гуфто, ки маро ба хоб бинӣ?
Бо дарди туам чӣ ҷойи хоб аст?!
Бар сафҳаи маҳ хати ғуборат
Хаттест, ки аҳсан-ул-китоб аст.
Соқӣ, қадаҳе, ки ташна мурдам,
Саққоии ташнагон савоб аст.
Нуҳ гунбади чарх пеши Носир
Чун бар сари ҷоми май ҳубоб аст.