Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

То қавси абруи ӯ дар офтоб пайваст,

То қавси абруи ӯ дар офтоб пайваст, Зулфи каҷаш зи абрӯй тарфе зи моҳ барбаст. Аз по даруфтодам, то дӯст даст гирад, Ёрӣ намекунад по, ёрам намедиҳад даст. Мӯйи миёни ӯро аз нозукӣ миён нест, Бошад, ки баркушояд розе, ки дар миён аст. Мафтуни фитна гаштам, к-ӯ фитна аст мутлақ, Бархост, фитна бархост, биншаст, фитна биншаст. Дӯшина доми зулфаш бинмуд донаву хол, Ман мешудам муқайяд, боди сабо ҳамеҷаст. Фардо, ки ҳамчу наргис аз хок сар барорам, Чун чашми майпарасташ махмур бошаму маст. Дар баҳри оби дида ғарқем ҳамчу моҳӣ, Дар ҳалқи тори зулфаш панҷоҳ ҳалқаву шаст. Носир, шикаста-баста бинвишт васфи зулфаш, То дар забони хома печид мӯю бишкаст.