Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Зулфат ба шӯру фитна агар қалби мо шикаст,

Зулфат ба шӯру фитна агар қалби мо шикаст, Умраш дароз бод, ки бишкасту бозбаст. Боди сабо зи фарқи ту бӯе ба Чин расонд, Шуд фарқ дар миёни мусулмону бутпараст. Ошуфта ҳамчу наргиси бемори ту хушем, Гоҳе зи ҷоми лаъли ту махмуру гоҳ маст. Ҷоми Ҷам аст косаи сар майпарастро, Хуш вақти ман, ки сархушам аз бодаи аласт. Ту ҳамчу гул азизию мо ҳамчу хор хор, Ту ҳамчу маҳ баландию мо ҳамчу хок паст. Эй дӯст, даст гир, ки сар мениҳам ба пой, Эй сабр, пой дор, ки дил меравад зи даст. Дар доми зулфи ту ману боди сабо шудем, Ман сайди қайд гаштаму боди сабо биҷаст. Носир зи ҳабси тан ба гулистони рӯҳ шуд, Бишкаст андалеб қафасрову боз раст.