Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Туро шамоили мавзуну шеваи хуб аст,

Туро шамоили мавзуну шеваи хуб аст, Ки вазъу ҳайати матбӯъу шакли марғуб аст. Шиори шаъри сияҳ бар баёзи орази ту Чу оразест, к-з ӯ офтоб маҳҷуб аст. Баёни қиссаи Хизр асту шарҳи сураи «Намл», Хате, ки бар варақи чеҳраи ту мактуб аст. Туро ба ҷону сар, эй дӯст, узр мехоҳам, Ки сар ба пойи ту дарбохтан на маҳсуб аст. Чу Юсуфе, ки зи чанги уқоби гесуи ту Дили шикастаи моро иқоби Яъқуб аст. Чу мушк хуни ҷигар хӯрду ҳамчу уд бисӯхт, Чу нофа ҳар кӣ ба оҳуи ишқ мансуб аст. Зи ифтироқи адам то ба иттисоли вуҷуд Баҳона буд, ғараз иттисоли маҳбуб аст. Касе, ки сабри ману ашки ҳамчу тӯфон дид, Бигуфт: Носир агар Нӯҳ нест, Айюб аст.