Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Бо руху зулфи ту дилро рӯзи бозор имшаб аст,

Бо руху зулфи ту дилро рӯзи бозор имшаб аст, То дар ин савдо барояд, ҷони ширин бар лаб аст. Дар сари зулфи ту дилҳои парешон ҷамъ шуд, Ҳалқа-ҳалқа ҳар шабе фарёди ё Раб, ё Раб аст. Хост, то аз моҳи рӯят чарх тобад рӯйи меҳр, Офтоб аз шарм сурху зарду дар тобу таб аст. Шориби хамр аст хатти мушкборат гирди лаб, Хизрро монад, ки аз оби ҳаёташ машраб аст. Чашми соқӣ дар хами абрӯст тир андар камон, Рӯйи шоҳид дар шиканҷи зулф маҳ дар ақраб аст. Сураташ аз рӯйи маънӣ ҷон ба қолаб медиҳад, Ҷон фидои қоматаш, то ҷони ман дар қолаб аст. Чандам, эй зоҳид, ба ҳар мазҳаб далолат мекунӣ, Мазҳаби мардони роҳи ишқ тарки мазҳаб аст. Оби чашм аз заъф Носирро ба ҳар сӯ мебарад, Дар тариқи ошиқӣ гулгуни ашкам маркаб аст.