Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Маро, ки нашъаи рӯҳ аз майи муғонаи туст,

Маро, ки нашъаи рӯҳ аз майи муғонаи туст, Димоғи ақл тар аз нағмаи таронаи туст. Наям чу уд, ки аз чанги ёр менолад, Хурӯши ман ҳама аз нолаи чағонаи туст. Нишони зулфи ту омад хитомаи маслак, Нишон агар талабӣ, шабҳаи нишонаи туст. Аз он миён ба каноре ризо диҳам чу камар, Аз ин миён ғаразам лутфи бекаронаи туст. Баҳонае, ки фазилат бувад, намеёбам, Умеди ман ҳама бар фазли бебаҳонаи туст. Ба осмон сари ҳиммат фурӯ намеорад Танам, ки муътакифи хоки остонаи туст. Саманди фикр, ту, Носир, ки тез меронӣ, Ба форисӣ масал аз зарби тозиёнаи туст.