Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Макун маломати дурдикашони бодапараст,

Макун маломати дурдикашони бодапараст, Ки ҷойи ақл набошад димоғи ошиқи маст. Ҳадиси ҳарзаи воиз куҷо ба гӯш орам, Маро, ки бехудам аз ҷуръаи шароби аласт! Чӣ тавба буд, ки овоза дарфитад, ки фалон Дуруст кард вафои қадиму аҳд шикаст. Бар ҳар насим зи кӯйи ту барнахоҳам хост, Ки бар дари ту ғуборам ба оби дида нишаст. Маро зи таънаи душман чӣ ғам, ки хотири ман Балои ишқ гузид, аз балои хеш бираст. Хаёли рӯйи ту буд, аз дарам даромад дӯш, Танам зи пой даромад, дилам бирафт зи даст. Дилам чу дид, ки шодии рӯзгор ғам аст, Ба кул рамид зи шодию бо ғамат пайваст. Дили шикастаи Носир чӣ ҷойи суҳбати туст, Ба дида ҷойи ту созам, ки ҷойи онат ҳаст.