Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Маштоб як дам, сорбон, к-аз гиря поям дар гил аст,

Маштоб як дам, сорбон, к-аз гиря поям дар гил аст, Раҳме, ки ин саргаштаро по дар гилу раҳ дар дил аст. Ман худ нахоҳам шуд зи ҷон ҳаргиз ба осонӣ ҷудо, Гар ҷон ҷудойӣ мекунад, корам бағоят мушкил аст. Вақти раҳил он моҳро гуфтам, ки дар маҳмил нишин, Гар ҳамл бар ҷон мекунӣ, шояд ки он ҳам маҳмил аст. Гаҳ хайма бар чашмам занад, гоҳе фуруд ояд ба дил, Манзил ба манзил меравад в-он маҳ, ки ҷонаш манзил аст. Ҷонон сафар кардасту ҷон оҳанги рафтан мекунад, Натвон ба зӯраш доштан, чун ӯ ба ҷонон восил аст. Ҳар манзиле, к-он маҳ равад, аз дил нахоҳад шуд бурун, Чун ӯ муҳити ишқ шуд, ҳафт осмонро соил аст. Носир, миёни пову сар фарқе макун дар роҳи ӯ, Ошиқ зи сар созад қадам, гар дар муҳаббат комил аст.