Ту дар барию дидаи бадхоҳ бар дар аст,
Ту дар барию дидаи бадхоҳ бар дар аст,
Бар дар чӣ боки душман, агар дӯст дар бар аст.
Чашмат ба нӯки ғамза маро тирдӯз кард,
Зулфи туро ҳанӯз чӣ ошӯб дар сар аст?!
Булбул ба бод меравад аз дард ҳар замон
Аз ҳусну ноз дар сари гул боди дигар аст.
То ман рухи туро ба сифат меҳр гуфтаам,
Шармандаам, ки васфи ҷамолат на дарх(в)ар аст.
Азбаски хун гиристаам бар дари ту дӯш,
Пурхун шудаст хоки дару остон тар аст.
Гар хок бар сарам кунӣ, аз кӯйи хеш кун,
З-он рӯ ки хоки пойи ту бар сар накӯтар аст.
Носир зи теғи ту натавонад, ки сар кашад,
К-он ҳукми қотеъ аст, ки бар мо муқаддар аст.