Сунбули тозаи ту бар гули сероб хуш аст,
Сунбули тозаи ту бар гули сероб хуш аст,
Наргиси масти ту дар гӯшаи меҳроб хуш аст.
Ҳоҷати шамъи муанбар набувад пеши рухат,
Муфлисонро ватан аз партави маҳтоб хуш аст.
Нақши болои ту дар дидаи ман ҳаст муқим,
Манзили сарви саҳӣ бар тарафи об хуш аст.
Чашми пурфитнаи мастат, ки балоест сиёҳ,
Як замон, гӯ, машав огоҳ, ки дар хоб хуш аст.
Анбар аз тоб бисӯзад, чу расад бар оташ,
Аҷаб аз турра, ки бар рӯйи ту дар тоб хуш аст.
Хуш нашуд дарди дили ман ба мудовои табиб,
Гар чашонӣ зи лабат шаккару унноб, хуш аст.
Акси ёқути лабат дар назари Носир ҷӯй,
Дидани лаъл зи сарчашмаи симоб хуш аст.